Модари ҷавоне, ки ба ДИИШ пайвастааст: Гуфт, номам акнун Аҳмад аст
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон мегӯянд, ҷавонтарин аъзои гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” аз ин ноҳия 22 сол дорад.
Як манбаъ аз Шӯъбаи умури дохилии ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ин нафар Боймурод Холов буда, бино ба иттилои муқаддамотӣ аз Русия ба сафи ДИИШ пайвастааст: “Моҳи январи соли 2015 нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло дар кофтукоб қарор дорад”.
Боймурод, ки дар Донишгоҳи технологии Русия (шаҳри Воронеж) таҳсил кардаву мебоист имсол онро хатм мекард, аз моҳи августи соли 2015 бедарак шуда, охирон маротиба моҳи феврали соли равон ба модараш тамос мегирад. Садбарг Эшмуродова, модари Боймурод имрӯз, 13 апрел ба “Озодагон” гуфт, писараш шабона ба ӯ занг зада, гуфтааст, дар Покистон қарор дорад ва акнун исмаш на Боймурод, балки Аҳмад аст: “Ман илтиҷо кардам, ки таслим шуда, ба ватан баргардад. Ӯ гуфт, ки тоҷикистониҳо маро фурухтанд, агар аз ин ҷо равам 10 сол ҳабс мекунанд”.
Хонуми Эшмуродова мегӯяд, ҳадафи писарашро аз ин суханҳо нафаҳмид, аммо субҳи он рӯз ба телефон бо ин мазмун СМС-паёмак омад, ки “ба амалиёт меравам” ва баъди ин ҳеч иттилое дар бораи фарзандаш надорад.
Ба гуфтаи ӯ, писараш аслан шахси мазҳабӣ набуд: “Соли 2014 вақте бори охир аз Русия ба Тоҷикистон омада, 40 рӯз инҷо буд, ягон рафтори ғайриодӣ надошт. Суханҳои динӣ ҳам намегуфт”.
Аммо Садриддин Холов, падари Боймурод мегӯяд, писараш як шахси зудбовар ва хеле дилсӯз буд ва ба эҳтимоли зиёд ба доми фиреб афтодааст.
Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҳамадонӣ танҳо дар соли 2015 11 сокини ноҳия ба сафи ДИИШ пайвастаанд, ки ҷавонтаринашон Боймурод мебошад. Охирин аксе, ки Боймурод ба модараш фиристодааст