Хадамот: Чойи пастсифатро зери тамғаи “Imperial Tea” гарон мефурӯхтаанд
Додситонии шаҳри Душанбе ба тафтишоти фаъолияти як соҳибкоре шурӯъ кардааст, ки чойи хушки пастсифатро зери тамғаи чойҳои маъруф ба фурӯш мегузоштааст.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пайи як амалиёти муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шудааст, ки ин соҳибкор дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон чойи хушки пастсифати дар халтаҳо гирифташударо ба қуттиҳои тамғаи чойҳои гаронарзиш, назири “Imperial Tea” ҷой намуда, онро дар шаҳри Душанбе ба фурӯш мегузоштааст: “Зимни санҷиш 3000 адад қуттиҳои чойи пастсифат бо арзиши 24000 сомонӣ аз гардиши савдо гирифта шуд”.