Ҳамлаи мусаллаҳона ба автобуси Тоҷикистон дар Қирғизистон
Автобуси хурд бо 18 мусофир аз Тоҷикистон дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Қирғизистон микроавтобус, ки аз Тоҷикистон ба Русия равон будааст, дар Ҷалолобод охири ҳафтаи гузашта ҳадафи ҳамлаи 4 нафари ниқобпӯши мусаллаҳ қарор гирифтааст: “Мусофирон дар роҳ аз ронанда хостаанд, ки мошинро нигоҳ дорад, то каме ҳавои тоза нафас кашанд. Дар ин вақт ниқобпӯшон ҳамла карда, бо таҳдиди таппонча мусофиронро дар берун рӯй ба замин хобондаанд. Аз онҳо маблағи нақд, ки 100 ҳазор сомро ташкил додаст, ситонда, бо “мерседес”-и рангаш нуқрагӣ фирор намудаанд".
Вазорати умури дохилии Қирғизистон имрӯз, 13 апрел хабар додааст, ки 4 муттаҳам дар ин ҷинояти роҳзаниро боздошт кардаанд.