Маросими видоъ бо Бобо Ҳоҷӣ дар Душанбе
Маросими видоъ бо Бобо Ҳоҷӣ, шоири бачагонаи тоҷик, ки рӯзи 12 апрел дар сини 88 солагӣ даргузашт, имрӯз, 13 апрел, соати 12 дар маҳаллаи маъруф бо номи " Южный", кӯчаи Фузулӣ- 26-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Бобо Ҳоҷӣ 1 майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, хатмкардаи он вақта Институти давлатии педагогии Душанбе (1951) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аълочии маориф ва ходими хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон мебошад.
Марҳум дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи «Машъал» (1951–1962), муҳаррири калони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон шуда, фаъолият кардааст. Солҳои 1967–1987 дар муассисаҳои нашриявии «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» муҳаррири калон буд. Аз соли 1988 бознишаста ва машғули кори эҷодист. Шеъри аввалинаш соли 1949 ба табъ расидааст. Мавзӯи маҷмӯаҳои «Изҳори муҳаббат», Гули Хуршед», «Шукуфаҳои чаман», «Нони ҳалол», «Паймона», «Дурри ятим», «Обилаи дил», «Гули шому саҳар», «Соябони сар»-и Бобо Ҳоҷӣ ватандорӣ, сулҳу ваҳдат, инсондӯстӣ, тантанаи ғояҳои ҳаёти нави сотсиалистӣ, васфи манзараҳои табиати кӯҳистон, шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, ситоиши аҳли заҳмат ва ғайра мебошанд. Дар маҷмӯаҳои марҳум ба мисли «Насими баҳорон», «Раҳмат ба Ватан», «Бузи айнакдор», «Соябони сар», фароҳам омадаро Бобо Ҳоҷӣ махсус барои бачагон иншо намудааст, ки дар онҳо ҳаёт, тарзи зиндагӣ, орзую умеди насли наврас ифода ёфтааст. Шеърҳои барои бачагон, талабаҳои синфҳои ибтидоӣ эҷоднамудаи ӯ дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна ҷой гирифтаанд. Шеърҳои ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Признание в любви», «Честный хлеб» фароҳам омадаанд. Бобо Ҳоҷӣ намунаҳои ашъори Н. Некрасов, С. Есенин, Л. Украинка, Абай, А. Сурков, М. Исаковский, С. Михалков, Зулфия, инчунин мухтасари ҳамосаи Ҳинди Қадим «Рамаяна»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Ӯ бо нишони тилои Кумитаи муҳофизони сулҳи ИҶШС, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.