Қатли ҷавони тоҷик дар “разбор” бо озарбойҷониҳо
Як ҷавони 22-солаи тоҷик 10-уми апрел дар муноқишаи гуруҳӣ ё худ “разбор” бо шаҳрвандони Озарбойҷон кушта шудаст.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба “Озодагон” иттилоъ доданд, кушташуда Меҳриёр Давлатов, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара мебошад: “Феълан Сафорат қазияро пайгирӣ мекунад ва консулгарӣ барои муайян намудани ҷузъиёти ҳодиса ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дархост равон кардааст”.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, Меҳриёр Давлатов 10-уми апрел дар муноқишаи гуруҳии тоҷикон бо озарбойҷониҳо дар шаҳри Барнаул аз зарби арматура кушта шудаст ва феълан омилони марги ӯ боздошт нагардидаанд. Манбаъ афзуд, Меҳриёр ба савдо машғул будааст ва бевосита дар муноқиша иштирок накардааст: "Таҷаммӯъро дар наздикии ҷойи кораш дида, барои фаҳмидани асли воқеа ба назди муноқишагарон меравад ва кушта мешавад".