Иқдоми ВКД алайҳи гадоҳои фиребкор дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон алайҳи афроде иқдом кардааст, ки худро маъюб вонамуд карда, дар кӯчаҳои Душанбе ба гадоӣ машғул мешаванд.
Ин ниҳод аз ҷумла аз ифшои фиребкории Аҳлиддин Ҳаитов, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст, ки худро маъюб вонамуд карда, ҳамарӯза дар роҳи хиёбони Неъмат Қарабоев ба гадоӣ машғул мешудааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, чунин афроди солим, ки дар хиёбони Душанбе ба фиребкорӣ машғуланд кам нестанд. Ин ниҳод аз фиребкорон даъват кардааст, ки аз корашон даст кашанд ва таъкид намудаст, ки иқдом алайҳи чунин афродро идома хоҳад дод.