Сарзаниши Убайдуллоев аз мудири бахши дин ва танзими анъана дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба Назруллоҳи Муҳаммадюсуф, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шаҳри Душанбе сарзаниш эълон кардааст.
Тибқи амри Убайдуллоев Назруллоҳои Маҳмадюсуф огоҳонида шудааст, ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбаташ то озод намудан аз мансаби ишғолнамудааш чора андешида мешавад.
Убайдуллоев дар амри худ ба мактуби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон такя кардааст, ки аз бемасъулиятӣ ва фаъолияти номуассири масъули бахши Душанбе ва чор навоҳии пойтахт интиқод намудааст. Кумита ва Убайдуллоев аз он изори норозигӣ кардаанд, ки қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар пойтахт дар сатҳи зарурӣ татбиқ намегарданд.
Интиқоди Убайдуллоев аз иҷро нашудани қонуни танзим дар пойтахт дар ҳолест, ки ӯ қаблан гуфт, дар аксари ҳолатҳо ин қонунро мансабдорон нақз мекунанд: “Мардум инро мебинад ва нафраташон меояд”-афзуда буд Убайдуллоев.