Тифлеро, ки модараш аз ӯ рӯ гардонд, Шукрона ном гузоштаанд (АКС)
Табибони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб баъди чор моҳи парастории тифле, ки модараш аз ӯ рӯй гардондааст, вайро ба хонаи бепарасторон супурдаанд.
Ҳалима Гадоева, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфт, модари ин тифл баъди ду рӯзи ба дунё омадани кӯдак дар моҳи декабри соли сипаришуда, фирор кард: “Сабаби ин амалашро мо намедонем. Фикр кардем, ки шояд пушаймон шуда гашта меояд, аммо барнагашт”.
Хонум Гадоева мегӯяд, баъди фирори модар ҳолати кӯдак бад шуда, садои гиряи ӯ шунида намешуд: “Бо талошҳои табибон баъди ду моҳ дигарбора вазъи тифл хуб шуд. Ҳамаи кормандондони беморхона ба ӯ одат карданд. Ҳатто мо ба ӯ Шукрона ном гузоштем. Вақте ки баъди чор моҳ Шукронаро ба хонаи кӯдакон супурдем, ҳамаи кормандон гиря карданд”.
Ба иттилои сардухтури таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб Шукрона ягона тифле нест, ки модараш аз ӯ рӯй гардондааст. Ҳалима Гадоева мегӯяд, дар моҳи декабри соли гузашта якбора панҷ модар аз тифлҳои худ бо сабабҳои номаълум ё ночизе даст кашидаанд.