Хуршед Мустафоев дар бораи тахриби театр: Фарҳангу таъриху зиндагии мо ба боди фано меравад
Хуршед Мустафоев, ҳунарманди театр ва синамо дар пасманзари хабари тахриби театри ба номи Маяковскийи Душанбе гуфтааст, видоъ кардан бо театр барояш монанди мурдан аст.
Ӯ имрӯз, 12 апрел дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, намедонад бидуни театри дӯстдоштааш чӣ кор мекунад: “Видоъ бо театр-хонаамон барои ман мисли видоъ бо зиндагӣ аст! Намедонам, бидуни театри дӯстдоштаамон ба номи Вл. Маяковский чӣ кор мекунем, моро тахриб мекунанд. Тамоми фарҳанг, намоишномаҳои мо, таърихи мо, зиндагии мо ба боди фано меравад! (Прощаться со своим театром - домом, это для меня как бы прощаться с жизнью! Незнаю что мы будем делать без нашего любимого театра им. Вл. Маяковского, нас сносят (( Вся наша культура, наши спектакли, наша история, наша жизнь уходит в пыль!)
Бино ба хабарҳо мақомот қасд доранд, биноҳои Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, парлумон, шаҳрдории Душанбе, чойхонаи “Роҳат” ва ду театри бузургтарини Точикистон - Лоҳутиву Маяковскиро тахриб кунанд. Ин хабар вокунишҳои тундеро дар пай дошт. Як гуруҳ сокинон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли як нома аз раисиҷумҳур хостанд, тахриби биноҳои таърихиро дар Душанбе ҷилавгирӣ кунад. Нуралӣ Саидзода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон 21 январи соли равон дар нишати матбуотие гуфт, тибқи қарори совети вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 31 декабри 1971 таҳти рақами 408 ҳамагӣ чор бино дар Душанбе ба рӯйхати ёдгориҳои меъморӣ шомиланд: “Инҳо - бинои марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Хонаи Ҳукукмат, Бинои китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ, Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошанд”.