Шӯрои уламо дар бораи тақдир: Бархе мехоҳанд гуноҳашонро болои Худо бор кунанд...
Шурои уламои Тоҷикистон ба суол дар бораи тақдири инсонҳо, ки хости Худо ҳасту аз он роҳи гурез нест, посух додааст, ки бархе инсонҳо мехоҳанд, гуноҳашонро болои Худо бор кунанд.
Фарҳод Шарипов, як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол гузоштааст, ки “Домуллои азиз, саволе дорам, лутфан ҷавоб диҳед. Ҳамаи мо аз рӯи тақдир амал мекунем аз тақдир гурехта наметавонем. Тақдир хости Худост, мисол агар дар тақдири мо фардо хӯрдани арақ бошад, мо арақро хоҳем хӯрд. Бигӯед гуноҳи инсон дар ин ҷо чист? Хоҳишмандам муфассал ҷавоб диҳед”.
Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки “тақдир худ як амри пӯшидааст, ягон махлуқ аз он огоҳӣ надорад, чунончи марде аз ҳазрати Алӣ (р) пурсид, ки маро аз тақдир огоҳ кун. Ҳазрати Алӣ (р) фармуд: «Роҳи торик аст, нарав». Боз пурсид, гуфт: «Баҳри амиқ аст, дохил нашав». Боз пурсид, гуфт: «Сире аз асрори Худованд аст, ки на малоикаи муқарраб ва на пайғамбари мурсал» аз он огоҳ намешавад”.
Манбаъ бо такя ба “Шарҳи ақидаи Таҳовӣ” афзудааст, ки “афъоли бандагон ихтиёрист, барои кори хайр савоб мегирад, барои кори бад азоб карда мешавад, зеро ихтиёри ҷузъие, ки дар ихтиёраш аст, муохаза мешавад”.
Шӯрои уламо суол гузоштааст, ки агар инсон ихтиёри ҷузъӣ дар амалу рафтораш надошта бошад, чаро Қуръон фиристода шуд? Ин ниҳод хулоса кардааст, ки “аслан дар чунин масъалаҳо инсонҳое баҳс мекунанд, ки мехоҳанд гуноҳи худро болои Худо бор кунанд. Ғайр аз баҳонаҷӯӣ чизи дигаре нест”.