Ҳайкали Жириновский дар Маскав қомат афрохт
Дар кӯчаи Басмани 1-уми Маскав маросими пардабардорӣ аз ҳайкали раиси Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) Владимир Жириновский баргузор шуд. Ҳайкали 3-метрии биринҷиро ҳайкалтарош Зураб Серетел сохтааст.
Хабар дода мешавад, ки маросими пардабардорӣ зери оҳанги “Боже, царя храни!” ("Худоё, шоҳро нигаҳ дор!") баргузор шудааст. Жириновский гуфтааст, гузоштани ҳайкал ба фаъолияти сиёсиаш рабт дорад: “Ин рӯз бо чӣ хусусияташ дар хотири одам нақш мебандад? Бидуни хоксории дурӯғин мегӯям, ки бо ҳамин маросимаш”.