Сабти 8 даргирии мусаллаҳонаи марзбонҳои тоҷик бо қочоқчиёни афғон
Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, тайи се моҳи соли ҷорӣ дар сарҳад бо Афғонистон 8 ҳолати даргирии мусаллаҳонаи марзбонҳо бо қочоқчиён ба қайд гирифта шудааст.
Толибҷон Мадазимов, намояндаи раёсати марзбонӣ имрӯз, 11 апрел зимни конфронс “Оид ба вазъият дар хатти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” дар Душанбе гуфт, гуруҳи қочоқчиëн бештар дар минтақаи Шаҳритус хатти марзро нақз мекунанд.
Манбаъ афзуд, соли гузашта 23 ҳолати задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён сурат гирифта, дар маҷмуъ зиёда аз 1 тонна маводи мухаддир аз қочоқчиёни афғон мусодира гардидааст.