Боздошти ронандаи фирории “Тико”, ки сабаби марги ҷавони 25-сола шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Шаҳринав хабар додааст, ки дар пахш кардани пиёдагарди 25-сола бо сабукрави “Тико”-яш муттаҳам мешавад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, ронандаи 24-сола рӯзи 8 апрел тахминан соати 21:20 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода идораи мошинро аз даст дода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав пиёдагарди 25-соларо пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Манбаъ мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.