Ҳалокати Муҳаббат баъди сарозер шудан аз ошёнаи 7
Як хонуми 40-солаи тоҷик аз қабати 7-уми биное дар Русия сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.
Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони Русия имрӯз, 9 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Муҳаббат Муминова вақте мехостааст тирезаро пок созад, ба замин меафтад. Ӯ дар шаҳри Фрязинои Маскав дар як ширкати марбут ба арманиҳо кор мекардааст.
Ба иттилои Ёров, ин зан сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, як фарзанди 9-сола доштааст: “Ҷасади Муҳаббат дар сардхона буда, хароҷоти фиристодани ӯро арманиҳо ба дӯш гирифтаанд”.