Гуруҳе аз занҳои рустои Қалъаи нав ба мулоқоти вазири дохилӣ омадаанд
Як гуруҳ аз занони деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғун барои мулоқот бо вазири умури дохилии Тоҷикистон назди ин ниҳод омадаанд. Онҳо мегӯянд, ҳадафашон фаҳмидани сабаби боздошти фарзандону пайвандонашон аст.
Хосият Олимова, як сокини ин русто имрӯз, 9 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз рӯзи гузашта дар назди бинои вазорат ҳастанд, аммо ба онҳо гуфтаанд, Рамазон Раҳимзода дар маҳалли кораш қарор надорад ва рӯзи 10 май бо онҳо мулоқот мекунад: “Ҳоло модару ҳамсари духтури деҳаамон дар назди муовини вазири корҳои дохилӣ қарор доранд”.
Хонум Олимова мегӯяд, теъдоди сокиноне, ки барои мулоқот омадаанд, бештар аз 10 нафарро ташкил медиҳад. Дархости мулоқот бо Рамазон Раҳимзода аз сӯи ин занҳо дар ҳолест, ки бино ба иттилои дарёфтӣ вазир 10 март чанде аз онҳоро ба ҳузур пазируфт. Ҳуринисо Салимова, як бошандаи ин деҳа 14 март ба “Озодагон” гуфта буд: “Ба мо занг зада пурсиданд, ки модарон чанд нафар ҳастед? Ман ва даҳ нафар аз модаронро вазир ба назди худ даъват кард. Дар он ҷо фаҳмидам, ки писарам ҳамроҳи писари хоҳарам бо ким-кадом салафӣ салом кардааст, барои ҳамин боздошташон кардаанд. Ман гуфтам писари ман давоми даҳ моҳ набуд, ҳамагӣ шаш рӯз шуд аз Русия омадааст”.
Боздошти даҳҳо нафар аз сокинони рустои Қалъаи нав аввалҳои моҳи март сурат гирифт. Мақомот онҳоро дар пайравӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ муттаҳам медонанд. Миёни дастгиршудаҳо пизишк ва имом-хатиби масҷиди деҳа низ ҳастанд.