Чаро парчами бузурги Тоҷикистонро поин оварданд? (АКС)
Парчами бузургтарини Тоҷикистон, ки бо миллаи 165 метриаш ба китоби рекордҳои Гиннес роҳ ёфт, поин оварда шудааст.
Чанд тан аз масъулини тамизсозии Боғи парчам имрӯз, 9 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, дар пайи боди шадид парчам поин оварда шуд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта чандин маврид боди сахт матои парчамро пора карда буд. Ба қавли онҳо парчам дар бештари ҳолат дар пайи чиркин шудан, даридан ё ҳолати техникии дигар барои таъмир поин оварда мешавад.
Матои парчам, ки 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳноӣ дорад, 9 сентябри соли 2011 дар ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар канори Қасри миллат расман барафрохта шуд. Сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2010 оғоз шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" бунёд карданд. Ин сутун аз оҳан сохта шуда, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад.
Парчами Тоҷикистон дар ҳисоби ширкати “ТалКО” қарор дошт, аммо Игор Сатторов, сухангӯи ин ширкат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло он дар тобеияти “ТалКО” нест.