Дар Суғд 10000 кг картошкабирёну офтобпараст ва нони қоқу пистаро нобуд мекунанд
Маркази Тоҷикстандарти Суғд мегӯяд, зимни баргузории назорати давлатӣ аз анборхонаи ҶДММ “Арбоб-2014” наздик ба 10 ҳазор кило маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор кардаанд.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, бештари ин маҳсулот картошкабирёну офтобпарасти бирёншуда, порчаҳои нони қоқ ва писта мебошад, ки маблағи умумии он 476 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: “Рӯзҳои наздик аз ҷониби комиссияи вижа ин маҳсулот нобуд карда мешавад”.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи санҷишҳо ҳамчунин маълум шудааст, ки тамғагузории баъзе аз маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридшаванда, монанди равғани растанӣ, хамираи шоколад, қандҳои гуногун ва шириниҳои истеҳсоли Туркияу Малайзия ва Эрон ба талаботи регламентҳои техникии Тоҷикистон ва қонун “Дар бораи забони давлатӣ” мутобиқ нестанд: “Ин гуна маҳсулот аз анбор ва нуқтаҳои фурӯши бозорҳои “Афросиёб”, “Гулистон” ва “Озодӣ”-и шаҳри Хуҷанд ва чанд нуқтаҳои фурӯш ошкор шудааст”.
Маркази Тоҷикстандарт мегӯяд, дар 3 моҳи аввали соли равон аз ҷониби мутахассисони марказ дар маҷмӯъ ба миқдори 523 ҳазор сомонӣ маҳсулоти гуногуни пастсифат, мӯҳлатгузашта ва ба талаботи стандарт номутобиқ ошкор шудааст, ки ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015, 494 ҳазору 36 сомонӣ зиёд мебошад.