Дар Русия ба сари муҳоҷири тоҷик се тир холӣ кардаанд (НАВШУДА)
Ба сари як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз таппончаи пневматикӣ тир холӣ кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин воқеа шоми рӯзи гузашта (8 апрел) дар стансияи метрои Калужская ба вуқӯъ пайвастааст. Аз ҷабрдида, ки дар ҳолати вазнин ба беморхона бурда шудааст, Сулаймон Саидов ном мебаранд. Сабаби ин ҳамларо баҳси лафзии Сулаймон бо як фарди номаълум мегӯянд, ки талош кардааст, муҳоҷиронро аз вагони метро берун кунад.
Расонаҳо мегӯянд, марде бо чеҳраи славянӣ ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар метро нишастаанд, таҳқир намуда, баъдан хостааст онҳоро аз вагон берун кунад. Вақте он мард Муҳаммадҷон Ҳакимови 19-соларо таҳқир кардааст, Сулаймон Саидов талош карда, ӯро ором созад, аммо дар ҷавоб ба сараш тир хӯрдааст: “Муҳаммадҷон аз тарс фирор кардааст. Ҳамлагар боз ду тири дигар ба сари Сулаймон холӣ кардааст”.
Бино ба иттилои LifeNews, муттаҳам дар анҷоми ин амал боздошт шуда, аз сӯи муфатишони Кумитаи тафтишотӣ бозпурсӣ мешавад. Ин расона аз дастгиршуда Сергей Ц, ном бурда гуфтааст, дар наздикиҳои стансияи “Калужская” манзил доштааст.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 9 апрел ба “Озодагон” гуфт, вазъият зери назорати ҷиддии онҳо қарор дорад. Ба қавли ӯ, кормандони сафорат дар ҳамкорӣ бо намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба беморхонае, Сулаймон бистарӣ аст, рафта, бо хешовандони ӯ мулоқот кардаанд: “Инчунин кормандони мо бо намояндагони мақомоти тафтишотие, ки ин парвандаро таҳқиқ менамоянд, мулоқот анҷом доданд”.
Сарвар Бахтӣ мегӯяд, Сулаймон Саидов 28 сол дошта, зодаи ноҳияи Восеъ мебошад.
Дар акс Сулаймон Саидов