Вазири молия ба Президент: Нақшаи буҷа иҷро нашуд
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, имрӯз, 8 апрел дар ҷаласаи ҳукумат ҳисобот додааст, ки нақшаи даромади буҷаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон иҷро нашудааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Қурбониён иттилоъ медиҳад, қисми даромади буҷа дар семоҳаи аввал 93,5 фоиз иҷро шуда, тайи ин муддат ба буҷа 3,4 миллиард сомонӣ ворид гардидааст.
Ба иттилои манбаъ дар пайи ҳисоботи вазири молия Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои давлатиро вазифадор намуд, ки баҳри иҷрои пурраи қисми даромади буҷа ва дигар пардохтҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Иҷро нагардидани нақшаи буҷа дар ҳолест, ки ҳаҷми даромади буҷа дар соли равон 18,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аввали соли равон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз эҳтимоли иҷро нагардидани нақшаи буҷа ҳушдор дода буд, аммо Нусратулло Давлатзода дар мавриди буҷа гуфт: "Мо худ камбудиҳо дорем. Бисёр имкониятҳое ҳастанд, ки истифода набурдаем. Муҳим давлат тинҷ бошад, буҷаро иҷро мекунем. Дар ин хусус хушбинем".