Нишони тиллои курсанти Академияи ВКД дар Лаҳистон (АКС)
Се варзишгари тоҷик аз мусобиқоти ҷаҳон оид ба “Карате-до”-и Лаҳистон бо нишонҳои тиллову нуқра баргаштаанд.
Аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, Омон Очилов, курсанти соли аввали факултаи 4-уми Академияи ВКД дар қувваозмоиҳо дар вазни 84 кило ҳарифони худро шикаст дода, мақоми аввалро касб намудааст.
Далер Баротов, курсанди дигари ин академия дар вазни 60 кило сазовори ҷойи дуюм гардида, медали нуқраро ба гардан овехтааст: “Соҳибҷон Шомуродов, фарзанди 8-солаи Субҳиддин Шомуродов, корманди мақомоти корҳои дохилии Суғд бошад, дар вазни 25 кило зинаи сеюмро ишғол намуд”.
Мусобиқоти ҷаҳон оид ба “Карате-до” аз 1 то 3-юми апрели соли равон бо иштироки намояндаҳои 98 кишвари дунё баргузор шуд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар як сафари худ ба вилояти Суғд аз факултаи 4-уми Академияи ВКД дидан намуда, қаҳрамони чандинкаратаи минтақа ва ҷаҳон -- Омон Очиловро бо туҳфаҳои пуливу молӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии милиса” қадрдонӣ карда буд.