Намояндагии вазорат: Муҳоҷири сарозершуда тоҷик аст, аммо шаҳрванди Тоҷикистон нест
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Русия мегӯяд, муҳоҷире, ки дар Санкт-Петербург аз баландии 20 метр афтида ба ҳалокат расид, шаҳрванди Узбакистон аст.
Қурбоналӣ Расулов, як масъули ин ниҳод дар шаҳри Санкт-Петербург имрӯз, 7 апрел ба “Озодагон” гуфт, миллати марди сарозершуда тоҷик буда, аммо шаҳрванди Тоҷикистон нест: “Ӯ шаҳрванди Узбакистон мебошад”.
Қаблан, расонаҳои русӣ навиштанд, шаби 6 апрел дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Санкт-Петербург як муҳоҷири тоҷик аз баландии 20 метр сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои онҳо, ин муҳоҷири тоҷик, ки тасмаи бехатариро набастааст, пешпо хӯрда ба замин афтидааст.