Пурсиш: Хатари асосӣ барои Тоҷикистон кадом аст?
Созмони таҳқиқотии “Gallup” ахиран эълон кард, 15 дарсади аҳолии Тоҷикистон гуруҳи тундрави ДИИШ-ро хатари асосӣ ба амнияти кишвар донистаанд. Дар зимн, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ХАТАРИ АСОСӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН КАДОМ АСТ?
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос
Ба назари ман хатари асосӣ ба амнияти кишвар, буҳрони иқтисодӣ мебошад. Дар баробари ин, дигар шудани вазъи геополитикӣ дар атрофи Тоҷикистон ҳам яке аз хатарҳое буда метавонад. Ҷумбишҳои ифротӣ омили иловагии хатар аст, лекин агар вазъияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ хуб бошад, онҳо таъсири ҷиддӣ расонида наметавонанд. Дар авҷи буҳрони молӣ чунин гуруҳҳо метавонанд хатар ворид созанд, аслан чунин гуруҳҳои ифротӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон реша надоранд.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос
Ба андешаи мо тарс аз гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ин 15 дарсаде, ки мегӯед, танҳо дар натиҷаи PR-и мақомоти интизомӣ пайдо шудаанд. Дар асл, таҳдид аз “ДИ” хеле заифтар, ҳатто аз “Ансоруллоҳ” аст. Чун “ДИ” дар Ховари Миёна асту “Ансоруллоҳ” дар он сӯи сарҳад. Дар Афғонистон бошад, “ДИ” танҳо дар ҳоли шаклгирист, ки ҳузури Толибон монеи аслии шаклгирии он аст ва хоҳад буд. Ба назари мо бузургтарин таҳдид ба амнияти Тоҷикистон фасод аст, ки тамоми соҳаҳои ҳукуматро аз маҳалла то болотарин сатҳ фаро гирифтааст.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Хатари №1 барои Тоҷикистон бекории аксарияти шаҳрвандон, сатҳи пасти зиндагӣ, коррупсия, маҳалгароӣ, хариду фурӯши рисолаҳои номзадию докторӣ, ҳаросидан аз шахсиятҳои боистеъдоду бофаросат, номукаммалии низоми сиёсии кишвар ва ноустувории конунгузорӣ мебошад. Дар бораи ваҳдати миллию худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аз ҳадд зиёд мегӯянду менависанд, аммо моҳияти амалкарди аксарияти онҳое, ки дар ин хусус таъкид мекунанд, самимӣ ба назар намерасад ва онҳо бештар ба псевдопатриотизм шабоҳат доранд. Ислоҳи эродҳои ишоракардаам метавонанд миллатро муттаҳид карда, ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо аксуламали ҷиддӣ нишон бидиҳанд. Ба гайр аз ин, набояд фаромӯш кард, ки бидуни дастгирии омилҳои берунӣ, ба хусус Созмони миллали муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва давлатҳои дигар, Тоҷикистон дар алоҳидагӣ бо дарназардошти иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии худ имконияти мубориза ва муқовиматро бар зидди ДИИШ надорад.
Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
Дар ҳақиқат дар вазъи кунунии байналмилалӣ яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо барои амнияти кишвари мо ин ҳузури ДОИШ-иҳо дар Афғонистони ҳамсоя ва ниятҳои нопоки онҳо дар қиболи Тоҷикистони азизи мо ва дигар давлатҳои минтақа мебошад. Буҳрони иқтисодие, ки имрӯз ҳама кишварҳоро фаро гирифтааст, агар коҳиш наёбад, сафи ҷавонони бекор афзояд, эҳтимоли ба онҳо пайвастани ин қабил ҷавонон зиёд хоҳад шуд ва он гоҳ ин гуруҳи террористиро хатари №1 барои кишвар метавон арзёбӣ кард. Омода кардани ҷойҳои хубу сердаромади корӣ барои ҷавони бидуни шуғл ва бо кори муфиди ҷамъиятӣ машғул доштани онҳо албатта шиддати ин хатарро коҳиш медиҳад ва барои рафъи он замина ба вуҷуд меорад. Ба ҳар ҳол умед бар он мебандем, ки сохторҳои марбута дар ҳамдастӣ бо мардуми кишвар омодаанд, ки ҳар гуна хатари эҳтимолиро ба амнияти кишвар рафъ намоянд.
Саидмурод АЛИЕВ, таҳлилгар
Яке аз хатарҳои асосӣ маҳз фаъолияти сохторҳои давлатӣ мебошад. Пеш аз ҳама, афзудани фишор аз ҷониби мақомоти назораткунанда. Дуввум, сиёсати кадрӣ, ки дар вазъи шадиди буҳронӣ ба ҷойи беҳтар гаштан боз ҳам ба вартаи непотизм ва маҳалгароӣ рафта истодааст, сеюм, беҳаракатӣ (истилоҳи ҳуқуқӣ) ё фаъолияти бесамар дар самти коҳиш додани фишори буҳрони иқтисодӣ нисбат ба соҳибкорон, муҳоҷирон. Наандешидани чораҳо баҳри бо кор таъмин намудани шумораи афзудаистодаи муҳоҷироне, ки бо ин ё он сабаб аз кишвари будубош хориҷ карда мешаванд ва адами адолат дар ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ. Ана ин ҳама сабабгори асосии нооромиҳо ва таҳдид ба амну суботанд.
Марям ДАВЛАТОВА, равоншинос
Ман хатарҳоро ба дараҷа ҷудо кардан намехоҳам, вале баланд бардоштани маърифати равоншиносиву донишҳои ҳуқуқии мардумро аз вазифаҳои бунёдиву аввалиндараҷаи ҷомеаи имрӯзаи тоҷик мешуморам. Иҷрои ин вазифа имкон медиҳад, ки ҷомеа пешорӯи ҳамаи хатарҳо масунияти қавӣ дошта бошанд ва ҳалли ҳама гуна мушкилот барояшон осон даст бидиҳад. Гапи тозае нест. Ҳазор сол бештар гузашт аз он ки Одамушшуарро Рудакӣ гуфта буд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ҳоло муҳим аст, ки муайян намоем кадом донишҳо имрӯз дар ҳадди авввалиндараҷа заруранд. Ва онро мебояд самти афзалиятнок қарор дод.