Сабқати журналистҳои Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ расид
Дастаи “Озодагон” ва телевизиони “Ҷаҳоннамо” ба даври финалии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни кормандони ВАО роҳ ёфтанд.
Бозиҳои даври нимниҳоии ин мусобиқа имрӯз 4 апрел бо иштироки дастаҳои “Озодагон”-“Ҷумҳурият” (2:0) ва “Ҷаҳоннамо”-ТВ “Варзиш” (2:0) баргузор гашт.
Рақобат дар даври финалии мусобиқа миёни дастаҳои “Озодагон” ва “Ҷаҳоннамо” фардо соати 12:30 баргузор мегардад. Пеш аз рақобати ин дастаҳо бозӣ барои ҷойи сеюм миёни тимҳои “Ҷумҳурият” ва ТВ “Варзиш” соати 12:00 баргузор мегардад.
Мусобиқа соли дуюм аст, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба хотири мустаҳкам кардани дӯстӣ миёни кормандони воситаҳои ахбори омма, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти ҷоми рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" баргузор мегардад.