Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон филми туркии “Муллои замонавӣ” ё "Ҳидоят"-ро аз як тараф гуноҳ ва аз тарафи дигар дарси ибрат барои онҳое хондааст, ки дар симои ҳар ҷелакпӯш муллоро мебинанд.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки худро Беҳрӯз муаррифӣ намудааст, суол кардааст, ки оё тамошои филми туркии “Муллои замонавӣ” ё “Ҳидоят”, ки дар он намоз ва дигар масоили Ислом ба тариқи масхара анҷом дода мешаванд, дуруст аст?
Дар посух масъулини Шӯрои уламо, ки зоҳиран ин филмро тамошо кардаанд, изҳор доштаанд: “Албатта бараҳна будани занҳо дар ин филм барои тамошобин боиси гуноҳ аст ва инчунин ба намоз ва дигар аъмоли динӣ масхара кардан гуноҳи нобахшиданист. Набояд мусулмон чунин амал кунад ва назар кардан ба ин гуна амалҳо низ гуноҳ аст”.
Шӯрои уламо дар баробари таъкид ба аъмоли гуноҳ дар ин филм, афзудааст, ки “аммо аз як нигоҳ барои онҳое, ки ҳар ҷелакпӯшро мулло медонанд, бояд аз ин ибрат гиранд ва аҳли динашонро бишносанд, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо низ чунин муллоҳо вуҷуд доранд”.
Дар филми “Муллои замонавӣ”, ки ба забони тоҷикӣ баргардон шудаасту дар Тоҷикистон тамошобинони зиёд пайдо намудааст, як ҷинояткори фирорӣ, ки аз умури дин ҳеч огоҳӣ надорад, бо пӯшидани либоси руҳонӣ ҳамчун имомхатиб қабул мешаваду ҳамчун мулло ба мардум маслиҳатҳо медиҳаду ҳидоят мекунад. Қисми аввали филми "Муллои замонавӣ":