Ду кушта ва ду маҷруҳ: Натиҷаи барони шадид дар Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаҳои нохуш, ки дар пайи борони сахт дар рӯзҳои аввали моҳи апрел рух додаанд, ду куштаю ду маҷруҳ барҷой гузоштаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 2 апрел, дар назди нақби Шаҳристон аз куҳ сангпора фаромада, ба қисми чапи “Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи сокини 62-солаи шаҳри Исфара аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекардааст, бархӯрдаст: “Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигар – занони 24-сола ва 31-сола, сокинони ноҳияи Шаҳристон дар беморхона бистарӣ гардидаанд”.
Манбаъ инчунин иттилоъ дод, ки 1 апрел, дар пайи боришоти зиёд, марди 35-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо автомашинаи “Мерседес-Бенс”-аш аз теппаҳои деҳаи Тераки-Токи ҷамоати деҳоти Тугаланги ноҳияи мазкур ба чуқурии 196-метрӣ сарозер шудааст: “Дар натиҷа, ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Қаблан обуҳавошиносон аз борони сахт дар рӯзҳои аввали моҳи апрел ҳушдор дода, изҳор доштанд, ки аз 4 то 8 апрел дар кишвар борон дар назар нест.