Таърифи дубораи Жириновский аз меваи Тоҷикистон ва дастури Э.Раҳмон
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия бори дигар аз меваю сабзавоти Тоҷикистон тавсиф карда, даъват намудааст, ки тамоми маҳсулоти кишоварзии мавриди ниёзи Русия аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ харидорӣ шавад.
Жириновский дар мусоҳибаи ҷадидаш, ки имрӯз, 4 апрел нашрияи “Известия” нашр кардааст, таъкид намудааст, ки агар Русия маҳсулоти Осиёи Марказиро бештар харидорӣ кунад, мушкили муҳоҷирон низ ҳал мешавад: “Агар маҳсулоташшонро харидорӣ кунем, муҳоҷирони тоҷик ба Русия намеоянд, дар Ватанашон кор хоҳанд кард”.
Раиси Ҳизби либерал-демократ афзудааст, мева, пашм, гӯшт ва дигар маҳсулоти лозимӣ барои Русия дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад: “Онҳо омодаанд, моро таъмин кунанд, аммо намехарем. Аз Юнон, Италия, Исроил мехарем. Айни ҳол моҳи апрел, аллакай дар Тоҷикистон клубники тоза пухтааст. Аммо дар мағозаҳои мо клубникҳои резинии Исроил фурӯхта мешаванд”.
Жириновский ҷанбаи мусбати таҳримҳо алайҳи Русияро дар он арзёбӣ кардааст, ки барои рушди кишоварзии дохилӣ ва хариди маҳсулоти бештар аз Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд: “Бинобар ин зарур аст, ки таҳримҳо ҳадди ақал ду даҳсола боқӣ монанд”.
Ин дуюмин суҳбати қаблазинтихоботии Жириновский дар як моҳи охир аст, ки зимни он раиси Ҳизби либерал-демократҳои Русия аз маҳсулоти Тоҷикистон тавсиф мекунад. Владимир Жириновский моҳи март дар суҳбат бо “Русская Служба Новостей” аз меваю сабзавоти барвақтӣ ва бомаззаи Тоҷикистон тавсиф карда, изҳор доштааст, ки ба ҷои хариди маҳсулот аз кишварҳои хориҷи дур бояд бештар маҳсулоти Тоҷикистон, Узбакистон, Молдова, кишварҳои назди Балтика харидорӣ шавад: “Дар давраи Русияи подшоҳӣ, вақте губернияи Тошканд буд, сокинони Осиёи Марказӣ ба Русия намеомаданд, он ҷо меистоданд ва мо дар ҷояшон меваю сабзавоту пахтаю пашму дигар маҳсулотро харида, бо воситаи нақлиёти худамон ба Русия меовардем”.
Ӯ пешниҳод карда буд, ки дар замони муосир низ дар Русия Вазорати савдои хориҷӣ ташкил шавад, ки тариқи инҳисорӣ ба ҷои маҳсулот аз кишварҳои хориҷи дур маҳсулоти Осиёи Марказиро харидорӣ намояд: “Ҳар чизеро, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, харидорӣ кунем. Аллакай моҳи март мо аз Тоҷикистон метавонем, карами барвақтӣ, олу, гелос, клубника ва ғайраро харидорӣ намоем. Он ҷо ҳама чиз барвақтӣ аст. Аммо ба мо маҳсулоти резинии Африқоро меоранд. Барои чӣ?”
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар кишвар маъракаи густурдаи ниҳолшинонӣ роҳандозӣ карда, дастур дод, ки содироти меваю сабзавот ба Русия имсол 1,5 баробар ва соли оянда 3 баробар зиёд карда шавад.