Тавсифи вазир аз хизматҳои Суҳроб Қосимов ва 4 генерали дигар (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта маҳфили ёдбуди 5 генерали марҳум ва 2 ҳазор корманди милисаро, ки дар ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҷон додаанд, баргузор намудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ зимни суханронӣ дар маҳфил хотираи неки собиқ вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия, шодравон Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович, генерал-майорҳо Абдуллоев Файзулло, Раҳимов Изатулло Негматович, Қосимов Суҳроб Абдулҳақович ва Ҷурақулов Маҳмадсаидро ёдоварӣ кардааст: “Маҳфили ёдбуд ба хотири гиромидошти собиқ генералҳои фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ ва инчунин барои пос доштани ранҷу заҳмат ва хизматҳои шоёни 2000 корманди фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ доир мегардад”.
Вазири умури дохилӣ бо гузашти солҳо дар ёд мондани марҳумонро баёнгари мавқею мартабаи онҳо хондааст: “Ин шахсиятҳо тӯли солҳои зиёд дар мушкилтарин вазъият ва лаҳзаҳои сарнавиштсоз ба нафъи давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, ба хотири осоишу оромиш ва тинҷиву осудагии сокинони кишварамон хизмати арзанда намудаанд”.
Раҳимзода бо зикри баҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба саҳми милиса дар таъмини суботу оромӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ, афзудааст: “Милиса ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон, посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум аст. Онҳое, ки ба баҳои баланди Сарвари давлат содиқ монданд, ҳастанд ва хоҳанд монд, фарзандони арзандаи ин сарзамин ва ин миллати кӯҳанбунёд ба ҳисоб мераванд”.
Дар идомаи чорабинӣ собиқ вазири корҳои дохилӣ генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ Раҳмонқул Зоиров, Сафар Соҳибназаров, Шералӣ Давлатов, Ҷумабой Маликов, Абдухалил Азизов, раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ Изатулло Шарипов баромад намуда, вобаста ба кору фаъолият ва ҳаёти шодравон Ҳомиддин Шарифов, Файзулло Абдуллоев, Изатулло Раҳимов, Сӯҳроб Қосимов ва Саид Ҷурақулов, хислатҳои накӯ ва мактаби зиндагии онҳо ёдовар шуданд: “Таъкид гардид, ки таҷрибаи бойи ин родмардон ба кадрҳои ҷавон ва наслҳои оянда дарси ибрат буда, хизматҳои арзандаашон ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад гашт”.