Боздошти шавҳари Мафтуна, ки худ ва кӯдаки 3-моҳаашро ба дарё андохт
Мақомоти умури дохилӣ Оятулло Ҷӯраев, сокини 28-солаи ноҳияи Файзобод, шавҳари Мафтуна Раҳимоваи 20-соларо, ки 2 апрел худро бо кӯдакаш ба дарё андохт, боздошт ва бозпурсӣ кардаанд.
Боздошту бозпурсии Оятулло Ҷӯраев дар пайи шикояти наздикони Мафтуна Раҳимова сурат гирифтааст, ки ӯро дар латукӯб ва ба худкушӣ расондани ҳамсараш муттаҳам мекунанд. Ҳарамбибӣ Раҷабова, модаркалони Мафтуна, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, наберааш пайваста аз хушдоман, хоҳари шавҳар ва шавҳараш шикоят мекард, ки бо ҳар баҳона ӯро латукӯб мекардаанд. Модаркалон гуфт, Мафтуна дар тарбияи ӯ калон шуда, писарчааш на 6-моҳа, балки 3-моҳа буд.
Модари Мафтуна бо тасдиқи гапҳои модаркалон изҳор дошт, ки “ҳар боре бо ӯ суҳбат мекардем, аз шиканҷа шикоят мекард. Дар ҷасадаш низ осори латукӯб аён буд”. Наздикони Мафтуна Раҳимова хонаводаи шавҳарашро дар худкушии ӯ гунаҳкор карда, муҷозоти онҳоро талаб доранд.
Аммо хонаводаи Оятулло Ҷӯраев ба мақомот изҳор доштаанд, ки марҳум бемории руҳӣ доштааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 2 апрел, соати 7:50, Мафтуна Раҳимова 20-сола бо писари 6 моҳааш худро ба дарёи Кофарниҳон андохтааст, ки дар натиҷа ҳар ду ҷон додаанд.
Наҷотдиҳандагон ҷасади Мафтуна Раҳимоваро соати 10:05 дақиқаи 2 апрел аз ҳудуди деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ пайдо намуда, ба кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат супоридаанд. Кофтукоби ҷасади кӯдак то ҳол идома дорад.