Модари 20-сола бо кӯдаки 6-моҳааш худро ба дарё андохт
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, 2 апрел, соати 7:50, як модари 20-сола бо кӯдаки 6 моҳааш худро ба дарёи Кофарниҳон андохтааст, ки дар натиҷа ҳар ду ҷон додаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Мафтуна Раҳимова ба меҳмонӣ ба хонаи падараш дар шаҳри Ваҳдат омада, бо сабабҳои номаълум худро бо писари 6-моҳааш аз болои купруки назди бозори “Хайр” ба дарё андохтаст: “Ин зан, ки дар ноҳияи Файзобод хонадор будааст, ба хонаи падараш меҳмонӣ омадааст. Сабабҳои даст ба худкушӣ заданаш то ҳол маълум нест”.
Манбаъ афзуд, ки наҷотдиҳандагон ҷасади Мафтуна Раҳимоваро соати 10:05 дақиқа аз ҳудуди деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ пайдо намуда, ба кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат супоридаанд: “Кофтукоби ҷасади кӯдак идома дорад”.
Манобеи “Озодагон” яке аз сабабҳои эҳтимолии даст ба ин кор задани Мафтуна Раҳимоваро муноқишаи хонаводагӣ арзёбӣ мекунанд: “Маъмурини пулис як пешхизматро бозпурсӣ мекунанд, ки талош намудаст, занро аз худкушӣ боздорад, аммо муваффақ нашудааст”.
Худкушии ҷавонзан дар ҳолест, ки шавҳараш, сокини деҳаи Қанғелии Файзобод чиптаи ҳавопаймо доштааст ва бояд имрӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мерафтаст.