Таъкиди Э.Раҳмон ба зарурати эҳёи эътимод дар фазои САҲА
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Франк Валтер Штайнмайер, раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷии Олмон густариши ҳамкориҳои ду кишварро дар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор додаст.
Тибқи иттилоияи расмӣ Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштааст, ки ки “Тоҷикистон авлавиятҳои дар давраи раисии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар САҲА муайяншударо пурра дастгирӣ карда, таҷдиди муколама ва эҳёи эътимоду амният дар фазои САҲА, тақвият бахшидан ба иқтидори он, истифодаи фаъоли имконоти Созмон дар рафъи бӯҳрон ва ҳали низоъҳоро дар мадди назари аввал қарор медиҳад”.
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, мушкилоти Афғонистон, вазъи сарҳадот, терроризму экстремизми динӣ ва ҷиноятҳои муташаккил табодули афкор карда, рушду тавсеаи ҳамгироиҳоро дар ин самт ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд: “Зимни баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳои гуманитарӣ таъкид гардид, ки имрӯз ҳамшарикии миёни кишварҳо дар сатҳи ҳамкориҳо баҳри таъмини рушди устувор қарор дошта, миёни ду кишвар заминаи хуби шартномавию ҳуқуқӣ вуҷуд дорад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳукумати Олмон барои кӯмакаш ҷиҳати дастрасӣ ба Бунёди Иқлими Сабз дар доираи Барномаи “Омодагӣ ба маблағгузории иқлим” ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонии Тоҷикистон арзи сипос намудааст: “Ҳар ду ҷониб барои рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ омодагию ҳавасмандии хешро баён намуда, доир ба обу энергетика, нақлиёту транзитӣ ва экологӣ низ табодули афкор намудаанд”.