Боздошти сокини Фархор бо гумони қатли ҳамшаҳрияш
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми қатли як сокини ноҳияи Фархор як марди 41-сола дастгир гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, боздошти муттаҳам баъди он сурат гирифтааст, ки аз беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба ШВКД дар бораи овардани ҷасади марди 31-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ хабар додаанд: “Муайян гардид, ки гумонбаршуда бо ин мард ҷангу ҷанҷол намуда, бо табари дар дасташ буда якчанд маротиба ба сару пушташ задаааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Нисбати гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.