Додгоҳи олии Русия ҳукми шаҳрванди Тоҷикистонро кам кард
Додгоҳи олии Русия ҳукми ҷазои Шаҳбоз Азимов, шаҳрванди Тоҷикистонро барои ду моҳ кам кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, вакилони дифоъ талош кардаанд, додгоҳро мутақоид созанд, ки Азимов он гуна ки дар ҳукми суд гуфта шудааст, шахси хатарнок нест.
Шаҳбоз Азимов моҳи ноябри соли 2015 аз сӯи Додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав барои барангехтани адоват ва даъватҳо алайҳи афроди ғайримусалмон ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Тибқи иттилоияи додситонии вилояти Архангелск, ин шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон аз моҳи сентябри 2013 то моҳи июни 2014 дар Архангелск ва Қазон иқомат карда, бо нашри матолиб дар шабакаи интернет шарафи намояндагони адёни дигарро паст мезадааст. Додситонии Архангелск мегӯяд, Азимов дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо гузоштани акс ва наворҳо ошкоро ба анҷоми амалҳои хушунатомез ва амалиётҳои террористӣ алайҳи ғайримусалмонҳо даъват кардааст.
Ба иттилои манбаъ, тафтишоти ин ҷиноятро Шӯъбаи минтақаии Хадамоти федералии амният-“ФСБ”-и вилояти Архангелск анҷом додааст.