Зуҳуров зидди ҷазои сангинтари соҳибкорон: Гумрукчиён чаро назорат намекунанд?
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки афзоиши ҷаримабандии соҳибкоронро барои вуруди ғайриқонунии мол пешбинӣ намудааст, барои омӯзиши бештар бозпас гардонд.
Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали вазири адлия имрӯз, 30 март зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, мақсад аз тағйирот пурзур намудани ҷавобгарӣ ва ба ин васила пешгирию коҳиш додани воридоти ғайриқонунии маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон мебошад.
Холиқзода шарҳ дод, ки вақте соҳибкор маҳсулоти худро ғайриқонунӣ ворид мекунад, аз он андоз намесупорад ва ин ба соҳибкрони аз рӯи қонун амалкунанда таъсири манфӣ дорад: “Танҳо дар соли 2015 аз ҳисоби вуруди ғайриқонунии мол 270 миллион сомонӣ маблағи андоз ворид нашудааст”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии масъала гуфт, пурзур намудани ҷазо ва ё афзоиши ҷаримабандиҳо барои соҳибкорон, роҳи ягонаи ҳалли масъала набуда, дар ин самт дигар роҳҳоро ёфтан лозим мебошад: “Ин хел намешавад, коре кардан лозим, ки мол ғайриқонунӣ ворид нашавад. Дар гузаргоҳҳо кормандони гумрук меистанд, чӣ гуна мол ғайриқонунӣ дохили кишвар мешудааст? Раҳбарияти Хадамоти гумрук бояд ин масъаларо бубинад. Боре ҳамроҳи раҳбарияти гумруку андоз ин масъаларо дидед?”
Абдуманнон Холиқзода дар посух ба суолҳои Зуҳуров аз қавли масъулини гумрук изҳор дошт, ки феълан ҷаримабандиҳо барои қонуншикании соҳибкрон сабук мебошанд ва ба ин далел соҳибкорон қонуншиканиҳоро такрор мекунанд: “Яъне ҷаримае, ки барои қонуншикании соҳибкрон феълан мавҷуд аст, сабук буда, соҳибкорон бо пардохти ҷарима боз корашонро идома медиҳанд. Таҳлие, ки мақомоти гумрук гузаронидааст, онҳе, ки ба таври ғайриқонунӣ молро медароранд нисбати соҳибкороне, ки молашонро ба таври қонунӣ ворид мекунад арзон мефурушанд ва талабот ба моли онҳо зиёд мешавад. Ин ҳолат ба онҳое, ки дар доираи қонун амал мекунанд, мушкилӣ эҷод мекунанд”.
Оқои Холиқзода дар асоси таҳлилҳои мақомоти гумрук гуфт, соҳибкороне ҳастанд, ки биёср вақт пардохтҳои гумрукир иҷро намекунанд ва бо думболи ин ҳарфаш Шукурҷон Зуҳуров боз савол гузошт,ки чаро иҷро намекунанд? Дар ҳамин ҳол аз толори Маҷлиси намяондагон нафаре садо баровард, ки ба таври қочоқ, ки ворид мешавад, пардохтро иҷро намекунанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, “қочоқро кӣ ворид месозад? Ҳамон корманди гумрук. Корманди гумрук дар пост истодааст, мебинад, иҷозат медиҳад. Ва ба таври қочоқ, ки молро ворид карданд, кӣ ҷавобгар аст? Аввал гумрук, баъд ҳамон одами ҷиняткор”.
Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи Президент дар Маҷлиси намояндагон, иброз намуд, ки зиёд кардани ҷаримаҳо на ба хотири пур кардани буҷет ё чизи дигар, балки барои пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифтан аст.
Шукурҷон Зуҳуров дар пайи нагирифтани посухҳои мушаххас ба саволҳояш, гуфт, бигузор ин лоиҳа бозпас гардонида шаваду бо ҳузури раҳбарияти мақомоти гумруку андоз дақиқан мавриди омӯзиш қарор гирад.
Талош барои зиёд кардани ҷаримабандии соҳибкорон дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон иқрор намуд, ки бархе кормандони гумрук дар вуруди ғайриқонунии мол аз хориҷ манфиатдоранд. Абдуфаттоҳи Ғоиб қаблан дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди сарчашмаи мошинҳою хонаҳои гаронарзиши кормандони гумрук изҳор дошт, ки ин ҳама тариқи сохтакориҳо ба даст меояд: “Дар вақти вуруди мол дар санадҳо як намуди борро ба бори дигар иваз мекунанд ва ин арзиши борро кам месозанд. Аз ин ҳам тоҷир фоида мебинад ва ҳам корманди гумрук. Масалан аз Эрон қолину мебелро ҳам дар санадҳо маҳсулоти макаронӣ гуфта, ворид мекардаанд, зеро пардохтҳо барои макарон хеле кам аст”.
Ӯ афзуд, ки чунин ҳолат дар додугирифт бо Чин низ ҷой дорад: “Ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.
Ӯ дар шарҳи “гум” шудани бор ба арзиши садҳои миллион доллар дар гумруки Тоҷикистон гуфт, аз Хитой бор бо як ҳуҷҷат меояд, аммо дар сарҳади Тоҷикистон ба хотири кам нишон додани арзиши мол ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд.
Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, маҳз дар пайи ҳамин гуна сохтакориҳо бархе кормандони гумрук соҳиби хонаю мошинҳои боҳашамат мешавад: “Аз ин сохтакорӣ ҳам тоҷир манфиатдор асту ҳам корманди гумрук. Фоидаро байни ҳам тақсим мекунанд”.