Курсии директори “Ховар” насиби Саидалии Сиддиқ шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як фармон Саидалии Сиддиқро раҳбари Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон – “Ховар” таъин кардааст. Ӯ дар ин мақом Заробиддин Қосимиро иваз намуд, ки рӯзи гузашта сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин гардид.
Саидалии Сиддиқ то замони таъин шуданаш ба вазифаи нав муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон буд.
Бо фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз, 30 март содир шуданд, Маҳмадтоир Зокирзода аз вазифаи вазири кишоварзӣ озод ва муовини нахуствазир таъин шуд. Курсии акнун собиқи ӯ ба ихтиёри Иззатулло Сатторӣ, раҳбари ҳамакнун пешини Академияи илмҳои кишоварзӣ гузошта шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷойи Акбар Ятимзода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин гардид. Шариф Шарифзода раиси шаҳри Роғун акнун ба ҳайси раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, бо амрҳои Эмомалӣ Раҳмон Ёқуб Исмоилзодааз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод" озод ва сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин гардидааст. Бо як амри дигари Президент Қурбоналӣ Файзуллозода раҳбари "Шарқи озод" таъин шудааст.