Тасвиби созишнома бо Покистон: “Ҷинояткорҳои сиёсӣ” истирдод намешаванд...
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 30-юми март созишнома бо Покистон дар мавриди истирдоди тарафайни маҳкумшудагонро ба тасвиб расонд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни муаррифӣ изҳор дошт, ки созишнома аз муқаддимаю 18 модда иборат мебошад: “Дар созишнома тартиби истирдод, дархост барои истирдод ва намуди ҷиноятҳои қобили истирдод мушаххас шудаанд”.
Аламшозода гуфт, масъалаи истирдоди афроде, ки барои терроризму куштор маҳкум шудаанд, танҳо баъди як соли татбиқи ҳукмашон ба миён гузошта мешавад.
Ноиби аввали вазири умури дохилӣ таъкид намуд, ки дар доираи ин созишнома истирдоди афроде, ки ҷинояташон хусусияти сиёсӣ дорад, пешбинӣ нашудааст: “Афроде, ки ҷинояташон хусусияти сиёсӣ дорад, истирдод намешаванд”. Созишномаи мазкур моҳи ноябри соли 2015 дар Исломобод имзо шуда буд.