Тасдиқи ҳалокати се ҷавони 18-22-солаи тоҷик дар сӯхтори Сургут
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия шахсияти се қурбонии сӯхтор дар шаҳри Сургутро муайян кардааст.
Тавре Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ дод, ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Спитамен будаанд: “Муайян шуд, ки ҳалокшудагон Муродов Ҷамшеди 22-сола, Собиров Шаҳзоди 18-сола ва Самитов Наимҷони 21-сола мебошанд”.
Манбаъ афзуд, ки ҷасади ҳалокшудагон фардо 30-юми март ба Ватан интиқол дода хоҳад шуд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сӯхтори маргбор дар Сургут соати 03:30-и субҳи имрӯз, 29 март дар се контейнер рух дода, 40 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Сӯхторнишонҳо бо истифода аз 10 техника танҳо бо гузашти як соат ба хомӯш кардани оташ муваффақ шуда, ҷасади се шаҳрвандони Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.