Маслиҳати Шӯрои уламо ба Шаҳодат, ки шавҳараш шиа аст
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Шаҳодат, як зани тоҷик, ки шавҳараш аз аҳли шиа аст, маслиҳат додааст, ки ақидаҳои худро ҳифз кунад.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки худро Шаҳодат муаррифӣ кардааст, изҳор доштааст, ки бо шавҳараш аз аҳли шиа беш аз як сол хонадор аст: “Шавҳарам мехоҳад, ки ман мазҳаби ӯро қабул кунам. Аз Шумо мехоҳам, ки ба ман роҳи дурустро нишон диҳед, то дар зиндагӣ гумроҳ нагардам”.
Шӯрои уламо ба Шаҳодат чунин посух додааст: “Миёни шиаҳо ва равофиз фирқаҳои зиёде вуҷуд дорад ва ақоиди онҳо низ мухталиф аст. Баъзе аз онҳо ҳазрати Алӣ (р)-ро Худо медонанд ва ӯро ба сифатҳои Худо шарик месозанд. Мегӯянд, ки Ҷабраил (а) дар овардани ваҳй хато карда, ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) ваҳйро ба ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст, ба модари муъминон Оиша (р) туҳмати зино мезананд ва саҳоба будани Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро инкор мекунанд. Илова бар ин, ақидаҳои куфромезе доранд, ки бар хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бинобар ин, бо чунин афрод никоҳ қатъиян манъ аст”.
Шӯрои уламо дар идома таъкид кардааст, он касоне ҳам аз аҳли шиа, ки ақидаашон ба ҳадди куфр нарасидааст, аз роҳи залолат ва гумроҳӣ берун нестанд: “Дар китоби “Ақоидул-Ислом” роҷеъ ба ин масъала чунин омадааст: Шиъаҳо он хубиҳоеро, ки дар Қуръони карим дар шаъни саҳобагон омадааст, рад мекунанд, ҳол он ки ин хубиҳо бо далели яқинӣ собит шудаанд. Ба саҳобагон таъну лаънат мехонанд ва нисбати ҳамсарони Пайғамбар (с) суханони нолоиқ мегӯянд, ки агар ба ҳамсари камтарин фарди мо гуфта шавад, мо дигар ба рӯи онҳо назар намекунем. Ҳайф, сад ҳайф бар ин мусулмонон, ки ба ин гуна ашхос муҳаббат меварзанд ва бо инҳо издивоҷ мекунанд. Ҳеҷ шакке нест, ки Расули Худо (с) аз инҳо норозӣ аст ва ононро аз ҳавзи Кавсар меронад”.
Бо зикри ин Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҳар фарди ҷомеа, ки пайрави аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, зарур хондааст, ки ақидаи солими худро ҳифз намояд, зеро ки саодати абадии ҳар инсон дар партави ақидаи саҳеҳи ӯ ҳосил мешавад. Шӯро дар хитоб ба Шаҳодат илова кардааст, “хоҳари азиз, худ ва фарзандони ояндаи худро аз ҳар гуна ақидаҳои нодуруст эҳтиёт кунед”.