Музокирот барои интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон
Қирғизистон барои воридоти нерӯи барқ бо Тоҷикистону Қазоқистон вориди гуфтугӯ мешавад. Ин нуктаро имрӯз, 29 март намояндаҳои Вазорати иқтисоди Қирғизистон дар ҷаласаи кумитаи Жогорку Кенеш, парлумони ин кишвар дар масоили сиёсати аграрӣ, захоири об ва рушди минтақаӣ изҳор доштаанд: “Умедворем, ояндаи наздик ин масъала ҳалли худро меёбад”.