Ҳушдори Русия аз ташкили "давлати ҷиҳодӣ" дар Тоҷикистон
Дар гузориши ҷадиди “Таҳдидҳои байналмилалӣ барои Русия дар соли 2016” нооромӣ дар Тоҷикистон яке аз хатарҳои ҷиддӣ арзёбӣ шудааст.
Дар гузориш, ки аз ҷониби оҷонсии “Сиёсати хориҷӣ” ва бошгоҳи мубоҳисавии “Валдай” таҳия шудааст, сиёсати Амрико дар самти заифсозии Русия хатари асосии стратегӣ арзёбӣ шудааст.
Гузоришгарон терроризмро ҳамоно дар меҳвари хатарҳои асосӣ барои Русия қарор дода, таъкид мекунанд, ки дар сурати пирӯзӣ бар “Давлати исломӣ”дар Сурия низ, ин хатар комилан нест нахоҳад шуд: “Фармондеҳони асосӣ ба кишварҳои дигар-Ироқ, Афғонистон, Либия, Сомалӣ, ки ҳокимияти давлатии заиф доранд, мекӯчанд ва тахрибкориашонро идома медиҳанд”.
Гузоришгарон мегӯянд, дар соли 2016 эҳтимоли вуруди бевоситаи ифротиҳои мусаллаҳи исломӣ ба қаламрави Русия хеле кам аст, аммо ифротгароён метавонанд тариқи ноором сохтани яке аз кишварҳои наздики Русия хатар эҷод кунанд: “Имкон дорад, як “давлати ҷиҳодӣ”-и дигар ташкил шавад, ки дар он афроди мусаллаҳ шариатро бо хости худ тафсир хоҳанд кард”.
Дар ин замина муаллифони гузориш Тоҷикистонро нисбатан осебпазир арзёбӣ мекунанд.
Гузоришгарон даҳҳо хатарҳои эҳтимолии дигарро зикр карда, ҳушдор додаанд, ки Русия бояд омода бошад, то дар ғафлат намонад.