ВАО: Қурбониёни сӯхтори Сургут муҳоҷирони тоҷиканд
Вазорати ҳолатҳои фақулодаи Русия аз ҳалокати се шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи як сӯхтор дар шаҳри Сургут хабар додааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, сӯхтор соати 03:30-и субҳи имрӯз, 29 март дар се контейнер рух дода, 40 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Сӯхторнишонҳо бо истифода аз 10 техника танҳо бо гузашти як соат ба хомӯш кардани оташ муваффақ шудаанд. Дар ҷойи ҳодиса ҷасади се нафарро ёфтаанд, ки биног ба иттилои пешакӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд.