Эълони озмун барои таҳияи ҷузвдони ҳоҷиёни тоҷик
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҷиҳати омода намудани ҷузвдонҳои хурду калон барои ҳоҷиёни Тоҷикистон дар мавсими “Ҳаҷ-2016” озмун эълон кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, озмун якуми апрели соли равон соати 1500 дар бинои кумита гузаронида мешавад. Соли 2013 ширкати "Ёқут-2000" либоси махсуси зоирони тоҷикро, ки ба тавофи Каъба мераванд, омода карда буд.
Аввалҳои март Кумитаи дин дар робита ба интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2016” низ озмун эълон карда буд. Афшини Муқим, як масъули ин ниҳод 4 март ба “Озодагон” гуфт, онҳое ба ҳайси роҳбалад баргузида мешаванд, ки аз маносики ҳаҷ огоҳии комил дошта, маҳорати хуби ташкилотчигӣ ва муошират бо ҳоҷиёнро доро бошанд: “Инчунин ҷисман обутобёфта бошанд, дар шароити душвор фаъолият намоянд ва забони арабӣ ё англисиро дар сатҳи муошират балад бошанд”.
Ба иттилои манбаъ, дар озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2016” нафарони то 60-сола метавонанд иштирок намоянд.