Дархост аз Рустами Эмомалӣ: Ба нест шудани футбол дар шаҳри футболдӯсти Истаравшан роҳ надиҳед
Гуруҳе аз ҳаводорони тими футболи “Далерон-Ӯротеппа” бо ирсоли як номаи саркушода унвонии Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва Наим Набизода, раиси шаҳри Истаравшан хоҳиш кардаанд, ба тақдири ин тим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нагузоранд, ки футбол дар шаҳри бостонию футболдӯсти Истаравшан нест шавад.
Дастаи “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан, ки соли 2014 барандаи медали биринҷии мусобиқоти Тоҷикистон гардида буд, ахиран бо як мактуби расмӣ ба Лигаи милли футболи Тоҷикистон гуфт, бо далели мушкили молӣ наметавонад дар сабқати имсолаи лигаи олӣ ширкат варзад.
Дар мактуби саркушодаи мухлисони ин дастаи футбол, ки зери он 51 нафар имзо гузоштааст ва ба дасти “Озодагон” ҳам расид, гуфта мешавад, мусобиқоти футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ аз 8 апрел оғоз мешавад ва барои наҷоти даста ҳанӯз фурсат ҳаст: “Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ба тақдири сермухлистарин дастаи Тоҷикистон-“Далерон Ӯротеппа” таваҷҷуҳ зоҳир намоед ва ба нест шудани футбол дар шаҳри бостонию футболдӯсти Истаравшан роҳ надиҳед. Зеро Истаравшан маҳз бо мухлисони сершумору содиқи худ дар футболи тоҷик мақоми хосро ишғол мекунад ва манбаи асосии истироҳати мардуми шаҳр футбол аст. Футбол ягона чизест, ки ҷавононро дар зери як даста, як парчам ва як ном муттаҳиду ҳамовоз мекунад”.
Мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” дар идома мегӯянд, дар Истаравшан футбол болотар аз варзиш аст: “Аз рӯзе, ки дастаҳои Истаравшан иштирокро дар лигаи олӣ сар карданд, тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ паҳн гардид. Мардуми шаҳр ба варзиш таваҷҷуҳи зиёд пайдо карданд, сатҳи ифротгароиву ҷинояткорӣ бамаротиб кам шуд. Бешубҳа, аз байн рафтани дастаи сермухлисе чун “Далерон- Ӯротеппа” ба футболи тоҷик зарбаи ҷонкоҳе хоҳад шуда, ин боиси паст шудани таваҷҷуҳ ба лигаи олии кишвар мегардад ва боз дар ахлоқу мафкураи ҷавонони шаҳр низ таъсири манфӣ мерасонад. Умедворем, ки хоҳиши мо, мухлисони ашадии футболи тоҷик ва дастаи “Далерон-Ӯротеппа”-ро қабул менамоед ва дастаи дӯстдоштаи мо дар лигаи олӣ боқӣ мемонад”.