Азим Иброҳим раиси комиссияи даъвати наваскарон таъин шуд
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор Азим Иброҳим, ноиби сарвазирро раиси Комиссияи ҷумҳуриявии даъвати наваскарон дар мавсими баҳорӣ таъин кардааст.
Тибқи қарори ҳукумат Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ду узви Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовинони раиси Комиссия таъин шудаанд: “Ба ҳайати комиссия муовинони вазирони умури дохилӣ, тандурустӣ, маориф, ноиби раиси Кумитаи амният, вакили парлумон, ноиби фармондеҳи Гвардияи миллӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ворид шудаанд”.
Ҳукумат ҳайати мазкурро муваззаф намудааст, ки раванди даъвати ҷавононро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар мавсими баҳори имсола назорат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 15 март фармонеро имзо кард, ки бар асоси он шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд: “Моҳҳои апрел-майи соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.