Андуҳи бузург ва нафрати беандозаи Э.Раҳмон аз ҳамлаи маргталабона дар Покистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистон унвонии сарвазири он кишвар -- Муҳаммад Навоз Шариф барқияи таслият ирсол намудааст.
Дар он аз ҷумла омадааст, “хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ, минҷумла занону кӯдакон ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо нафар бар асари таркиши даҳшатангез дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи бузург ва нафрати беандозаи ин ҷониб гардид".
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон бар зидди терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем: "Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба халқи кишвари дӯсти Покистон ва наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем”.
Ин таркиш дар ҳудуди боғи “Гулшани Иқбол”-и шаҳри Лоҳури Покистон дасти кам 65 кушта ва бештар аз 200 захмӣ бар ҷой гузошт. Бештари қурбоншудаҳо занону кӯдаконанд. Масъулияти ҳамларо созмони “Ҷамоати Аҳрор” бар уҳда гирифтааст.