Русия: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайгарди федеролӣ қарор доштааст
Вазорати умури дохилии Русия аз боздошти як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайгарди федеролӣ қарор доштааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, ин нафар аз дохили мусофиркаши хурди “Мерседес”, ки дар хатсайри “Маскав – Владикавказ” ҳаракат мекард, дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин мард аз моҳи феврали соли равон бо иттиҳоми “Қасдан расонидани зарари сабук ба саломаӣ” таҳти ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ростов қарор доштааст: “Феълан, масъалаи ба ихтиёри Раёсати умури дохилии шаҳри Ростови лаби Дон супоридани дастгиршуда баррасӣ мешавад”.