Кумитаи амният: Шаҳрвандони Тоҷикистон аз гарав озод шуданд
Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, Бахтиёр Давлатов ва Давлатмад Муродов, сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод), ки 25 март аз сӯи қочоқчиёни афғон ба гарав гирифта шуданд, раҳо шуданд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид зуҳри имрӯз, 28 март аз дасти қочоқбарони афғон раҳо шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин ду сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 25 март дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи гуруҳи Наҷиб ба қаламрави Тоҷикистон ба гарав гирифта шуданд. Мақомоти тоҷик аз шарҳи он, ки оё ба ивази раҳоии ду сокини Шӯрообод қочоқбари афғоне аз боздоштгоҳи Тоҷикистон раҳо шудааст ё на, худдорӣ намуданд.