Маъзаратхоҳии Нуриддин Давронов барои бохт ва ваъдааш барои пирӯзӣ бар Қирғизистон
Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва Роман Пилипчук, мураббии калони мунтахаби кишвар барои нокомӣ дар бозӣ бо яккачини Австралия аз мухлисон ва кулли тоҷикистониён узр хостанд.
Давронову Пилипчук имрӯз, 28 март дар нишасти хабарии қабл аз рақобат бо мунтахаби Қирғизистон гуфтанд, аз натиҷаи бозӣ мутаасифанд ва мехоҳанд нокомии дидори гузаштаро дар қувваозмоӣ бо Қирғизистон ҷуброн намоянд. Ба гуфтаи Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва капитани бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, баъди бозии вазнин бо Австралия ба худ омадан хеле мушкил аст, “аммо барои рақобат омода шудем ва бо дастгирии мухлисонамон метавонем ғолибиятро ба даст орем”.
Ӯ афзуд, дар рақобат бо Қирғизистон тамоми маҳорати худро истифода хоҳанд кард, то дастболо гарданд: “Ба ғайр аз бурд барои мо ва Тоҷикистон дигар ягон натиҷа лозим нест”.
Александр Крестинин, сармураббии мунтахаби Қирғизистон гуфт, мунтахаби Тоҷикистонро ҳамчуни ҳарифи ҷиддӣ қабул мекунанд ва тимаш барои рақобат омодагии хуб гирифтааст. Вай таъкид кард, ба Тоҷикистон танҳо барои ғолибият омадаанд. Валерий Кашуба, дарвозабони ин тим, ки дар мавсими гузашта дар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бозӣ мекард, гуфт, аз бозии футболбозони тоҷик огоҳ буда, умедвор аст, бозии одилона барпо мегардад.
Мунтахаби Тоҷикистон 24 март дар варзишгоҳи “Аделаида Овал”-и Австралия дар доираи даври нуҳуми марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз Австралия бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрд. Дар пайи ин бохти бузург, Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, бо далели бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шуда, роҳбарии даста дар рақобат бо Қирғизистон ба зимаи Роман Пилипчук мураббии калони даста гузошта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир миёни панҷ даста дар гуруҳи “В” мунтахаби Австралия бо 18 имтиёз дар ҷойи аввал буда, мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дуюм меистад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи се ва мунтахаби Тоҷикистон бо 5 хол дар мақоми чорум аст. Бангладеш ҳамагӣ як имтиёз дошта, ҷойи охиринро муаррифӣ мекунад.