Сержанти калон гуфтааст, барои табобати падараш маводи мухаддир мефурӯхт
Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Маскав аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба ҳайси корманди ниҳоди сӯхторнишонӣ кор мекардааст, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда дар қисми вижаи сӯхторнишонии №153 фаъолият намуда, рутбаи сержанти калонро доштааст. Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, аз дохили мошини “Ниссан Тилда”-и ӯ 200 грамм ҳероин ёфт шудааст. Ҳангоми бозпурсӣ ин марди 38-сола гуфтааст, бемории қалби падараш ӯро ба анҷом додани ҷиноят маҷбур сохт. Дастгиршуда гуфтааст, барои табобати падари бемораш фавран пул лозим дошт. Манбаъ меафзояд, боздоштшуда маводи мухаддирро аз ҳамватанони шиносаш дарёфт мекардааст.
Акс аз mk.ru