Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтишот идома дорад. « Пас аз расидани хабари фоҷиа, муовини раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷират Саидмухтор Мирзоев ба таври фаврӣ ба шаҳри Подолск фиристода шуд ва дар он ҷо бо мақомоти умури дохиливу тафтишотӣ, аз ҷумла, бо муфаттиши додситонӣ Артем Курушин, бо раҳбарони корхона ва бо Раҷаббой Раҳимов, падари яке аз қурбониёни ҳодиса, сӯҳбат кард»,- гуфт Одинаев.
Дар ҳоли ҳозир роҳбари корхонаи мавсум ба «Авиатор» Сергей Каткин масрафи интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистону Ӯзбакистонро ба зимма гирифта гуфтааст, ки ҷубронпулӣ аз ин ҳодисаро ба хонаводаи қурбоншудагон ироа хоҳад кард.{jathumbnail off}