“Ақибнишинӣ”-и неруҳои Узбакистон аз марз бо Қирғизистон
Узбакистон тамоми неруҳояшро аз минтақаи Чаласарт дар марз бо Қирғизистон берун бурд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, Раимбердӣ Дуйшенбиев, раиси хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар суҳбати телефонӣ ба Алмосбек Отамбоев гуфтааст, 26 март ҷониби Узбакистон техникаи ҳарбӣ ва низомиёнашро аз минтақаи баҳсноки марзии Чаласарти ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод берун бурдааст.
Раиси хадамоти давлатии марзбонӣ гуфтааст, тибқи қарордоди ҳосилшуда, ниҳодҳои марзбонии ҳар ду кишвар тартиби маъмулии ҳифозати марзро идома медиҳанд.
Канор бурдани техникаи ҳарбӣ ва низомиёни узбак баъд аз мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Узбакистон ва Қирғизистон дар 25 март дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Қия-автодорожний” шурӯъ шудааст. Ба иттилои маркази матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, ин мулоқот бо дархости ҷониби Узбакистон сурат гирифтааст.
Буҳрони навбатӣ дар марз замоне сар зад, ки 18 март ҷониби Узбакистон дар минтақаи баҳсноки марзӣ сарбозон ва техникаи ҳарбиро ҷобаҷо кард. Дар посух Қирғизистон низ дар ин минтақа неруҳои изофиро ҷойгир намуд.